Оғози чорабиниҳои наврӯзӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд,14.03.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд шурӯъ аз 12 март чорабиниҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари хадамоти матбуотии раиси шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ иттилоъ дод, тибқи дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар 22 маҳаллаи шаҳр дар назар гирифта шуда, он оғоз аз 12 март то охири моҳи равон идома меёбад. То кунун дар ду маҳаллаи шаҳр- “1 май” ва “Масҷиди савр” тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардиданд. Бояд гуфт, ки сокинону бошандагони маҳалла барои таҷлили Наврӯз омодагии ҳамаҷониба дидаанд.
Он рӯз аз ҷониби иштирокдорон ва толибилмони макотиби ин маҳал ба меҳмонон барномаи наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтихонӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи “бойчечакхонӣ”, бозию ҳунарҳои миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ва таоми анъанавии “Суманак” намоиш дода шуданд.
Шаҳрдори Хуҷанд ба ҳар як иштирокдор барои барномаи ҷолиб баҳои баланд дода, онҳоро бо иди пуршукӯҳи баҳор- Наврӯзи Аҷам табрик намуд.
Аз ҷумла, он рӯз барои сокинони маҳаллаи «Масҷиди савр» дар саҳни бинои “Кооператор” як маҷмааи фароғатӣ иборат аз 6 майдончаи ҷудогона барои шуғли қӯдакон, бо маблағгузории беш аз 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин дар баробари ин барои кадбонуҳо оташдону танӯр ва ҷойи пухтани таом бо шароиту риояи талаботи мавҷуда мавриди истифода қарор дода шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки чорабиниҳои наврӯзӣ дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ то охири моҳ идома хоҳад ёфт. Мутобиқ ба нақшаи мақомоти маҳаллӣ то ҷашни 25-умин солгарди Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин ифтитоҳи 22 майдончаи варзишӣ дар назар гирифта шудааст.