Оғози соли 2016: Мусовиҳои пайдарпаи “Истиқлол” ва “Хуҷанд”

Март 5, 2016 10:01

Душанбе, 5.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар бозии чоруми худ “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар ду моҳи аввали соли равон ба тавофуқи мусовӣ мерасанд. Агар дар бозиҳои дӯстонаи байни ин дастаҳо  се маротиба натиҷаи 1 бар 1, 2 бар 2, ва 0 бар 0 ба даст омада бошад, пас дирӯз дар майдони марказии пойтахт дар доираи бозиҳои даври дуввуми Ҷоми ФФТ боз натиҷаи мусовии 2 бар 2 ба қайд гирифта шуд.

“Истиқлол” тавасутии зарбаи ҷаримавӣ дар иҷрои Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро боз кард. Фарҳод Тоҳиров дар нимаи дуввум ҳисобро мусовӣ карда Дилшод Бозоров хуҷандиҳоро ба сафи пеш баровард. Ба истиқлолиҳо муяссар гардид, ки хати дифоъи “Хуҷанд”-ро ба хато кардан маҷбур намоянд. Дар натиҷа зарбаи Фатҳулло Фатҳуллоевро Далер Тӯхтасунов нодуруст баргардонд ва тӯб вориди дарвоза шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” “Саройкамар” ва “Помир” низ ба натиҷаи сулҳомези 1 бар 1 расиданд. “Хуҷанд” ва “Истиқлол” дар гурӯҳ бо 4 имтиёзӣ пешсафанд.

Март 5, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад