Ҷойи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон куҷост?
Душанбе, 31.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Баъди бохт аз дастаи мунтахаби Қирғизистон бо натиҷаи 0 бар 1 миллипӯшони кишварамон вазъияти худро дар мубориза барои Ҷоми Осиё 2019, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб мегузарад, хеле мураккаб карданд. Дар натиҷа дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба қатори дастаҳое шомил шуд, ки барои ба мусобиқоти сеюми гурӯҳии Ҷоми Осиё 2019 роҳхат гирифтан бо дастаҳои ҳамтои худ, аз қабили Бангладеш, Тимори шарқӣ, Малайзия, Малдив, Бутан, Ҳиндустон, Камбоҷа, Тайпейи Чин, Лаос, Камбоҷа ва Яман дар раунди плей офф дар бозии рафту баргашт рӯзҳои 2 ва 9 июн қувва озмояд.
Дар робита ба ин мавзӯъ дар қуръакашие, ки рӯзи 7 апрел мегузарад, Тоҷикистон рақиби худро пайдо хоҳад кард. Футболбозони мо дар сабади аввал бо дастаҳои Тайпеи Чин, Малайзия, Лаос ва Малдив ҳузур доранд ва интизори яке аз тимҳои сабади дуввум аз ҷумлаи Ҳиндустон, Яман, Тимори шарқӣ , Камбоҷа ва ё Бангладеш мебошанд.
Тибқи низомномаи нави КФО дастаҳои дар раунди плей офф номуваффақ боз имкон доранд дар даври дуввуми плей офф бо ширкати 5 тими мағлубшудаи раунди аввал бо иловаи дастаи мунтахаби Бутан дар се ҷуфт барои шомил шудан ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё аз нав талош варзанд.
Тавре ки мебинем, барои ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё ҳамроҳ шудан имконият хеле зиёд аст, агар ба шарте, ки бозӣ карда тавонем.
Мутаассифона, футболбозони мо натавонистанд ин масъаларо дар марҳилаи дуввум, чун дастаҳои Афғонистон, Қирғизистон, Туркманистон, Урдун, Уммон, Лубнон ,Фаластин, Сингапур, Ветнам, Филлипин, Гуам, Мянмар, Гонконг ва Баҳрайн ҳалл намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






