Ғолиби озмуни «Кадбону» муайян шуд
Душанбе, 18.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷашни Наврӯз даври ҷамъбастии озмуни «Кадбону» доир гардид, ки дар он ҷавондухтарони ҳунарманд иштирок карданд.
Озмун дар байни 8 даста аз рӯи 5 шарт-муаррифӣ ва саломнома, тайёр кардани хӯриш, омода намудани таоми миллӣ (тибқи хоҳиши иштирокдор), буридани қисмҳои зарурии курта, кешбофӣ, реза намудани сабзӣ барои оши палав шурӯъ гардида, хеле шавқовар ҷараён гирифт. Дар натиҷа дастаи ҷавондухтарони МТМУ № 1 ба номи Насим Салимов-«Баҳор» сазовори ҷои аввал ва дастаҳои «Шифо» (аз Коллеҷи тиббии ноҳия) ва «Баҳор — 16» (аз МТМУ № 16) мутаносибан соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.