Ғолибони чемпионати баскетбол муайян шуданд
Ҷ. Расулов, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилаӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд чемпионати ноҳиявӣ оид ба баскетбол гузаронида шуд. Дар чемпионат дастаҳои варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Дар натиҷа дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов сазовори ҷойи аввал шуда, дастаи шаҳри Истаравшан ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Спитамен ҷойи сеюми чемпионатро мушарраф шуданд.
Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии н. Ҷаббор Расулов ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.
-Мақсад ва баргузории чунин мусобиқаҳо дар шаҳру навоҳии вилоят таҳкими дӯстии варзишгарон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим арзёбӣ мешавад,-гуфт Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд.