Пентагон: ИМА имконияти истеҳсоли яроқи кимиёвии террористони ДИ-ро заиф карданд
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Зарбаҳои ҳавоии ИМА имконияти истеҳсоли яроқи кимиёвии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро заиф карданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сухангӯи Пентагон Питер Кук хабар дод.
«Мо итминон дорем ба мо муяссар гардидааст, ки ба имконияти истеҳсоли яроқи кимиёвии онҳо хисорот расонем. Мо аз он чӣ ки ба даст овардем, қаноатмандем», — гуфт ӯ.
Чанде пеш шабакаи телевизионии CNN гузориш дод, ки неруҳои ҳавоии ИМА дар Ироқ ба истеҳкоми ДИ зарба заданд. П. Кук тасдиқ кард, ки амалиёт аз рӯи маълумоти яке аз роҳбарони ДИ, ки чанде пеш аз ҷониби дастаи таъйиноти махсуси ИМА дастгир гардида буд, гузаронида шуд.
«Мо тахмин дорем, ки маълумоти ба дастовардаи мо имкон медиҳад амалиёти иловагӣ гузаронем… Мо ҳоло барои баррасӣ ҳадафҳои дигар низ дорем», — иттилоъ дод намояндаи Пентагон. Ӯ дар бораи дар куҷо ва кай дастгир гардидани он ҷангӣ тафсилоти бештаре нагуфт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






