Рӯзи дарҳои кушод дар ДМИТ

Март 10, 2016 16:26

Душанбе, 10.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Аз 4 то 10 марти соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари довталабон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид.
Ба иттилои котиби масъули комиссияи қабули соли таҳсили 2016-2017 Меҳтар Содиқов дар ин маърака муҳассилин — хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Барои довталабон гӯшаи махсус таъсис дода шуда, садорати факултаҳо дар бораи ихтисосҳои мавҷуда маълумот пешниҳод намуданд. Барои ҷалби довталабон ба ин маърака кормандони факултаҳо ва пахши эълон дар воситаҳои ахбори омма мусоидат намуданд. Довталабон аз синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, хобгоҳ, толорҳои варзишӣ ва ошхона дидан карданд.
Тибқи нақшаи имсола донишкада ҳудуди ҳазор нафар донишҷӯро ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабул менамояд. Таҳсилот дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи дараҷаи бакалавр, мутахассис, магистр, доктор РHD, маълумоти дуюми олӣ, аспирантура ва докторантура роҳандозӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз донишкада аз рӯи беш аз 37 ихтисос мутахассис омода месозад, ки бозори меҳнат воқеан ба чунин мутахассисон ниёз дорад.
Соли равон боз як ихтисоси дигар — иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ ба ин рӯйхат илова шуд.

Март 10, 2016 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид