Рашт: Хатнатӯи кӯдакони ятим дар ҷашни Наврӯз
Рашт, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Наврӯзгоҳи ноҳияи Рашт бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯзи аҷам доир гардид. Раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшои Холиқ сокинони ноҳияро бо иди фархунда табрик намуда, барояшон зиндагии орому хушбахтӣ таманно намуд. Дар ин рӯз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳо ҳунарҳои мардумӣ, санъати қадимӣ ва беҳтарин дастовардҳоро ба намоиш гузоштанд. Инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон хатнатӯи 70 кӯдаки ятим ва аз оилаҳои ниёзманд, тӯйҳои арӯсии навхонадорон баргузор шуда, ба иштирокдорони ҷанг ва собиқадорони меҳнат кумакҳои пулӣ расонида шуданд. Инчунин дар ин рӯз дастаҳои ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.