Рашт: Хатнатӯи кӯдакони ятим дар ҷашни Наврӯз

Март 28, 2016 15:44

Рашт, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Наврӯзгоҳи ноҳияи Рашт бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯзи аҷам доир гардид. Раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшои Холиқ сокинони ноҳияро бо иди фархунда табрик намуда, барояшон зиндагии орому хушбахтӣ таманно намуд. Дар ин рӯз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳо ҳунарҳои мардумӣ, санъати қадимӣ ва беҳтарин дастовардҳоро ба намоиш гузоштанд. Инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон хатнатӯи 70  кӯдаки ятим ва аз  оилаҳои ниёзманд, тӯйҳои арӯсии навхонадорон баргузор шуда, ба иштирокдорони ҷанг ва собиқадорони меҳнат кумакҳои пулӣ расонида шуданд. Инчунин дар ин рӯз дастаҳои ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ  хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

Март 28, 2016 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»