Рашт: омодагӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ
Рашт, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт барои хатмкунандагони синфҳои 11-и ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбию миёнаи касбии ноҳия ва омӯзгорону волидони онҳо курсҳои омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбиро баргузор намуда истодаанд.
Падару модарон ва хатмкунандагон дар дарсҳо пурра иштирок намуда, аз нозукиҳои ҳуҷҷатсупорӣ, супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва омодагӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ ва миёнаи касбӣ маълумот пайдо карданд.