Рашт: Вохӯриҳо бо мақсади пешгирии ифротгароию тундгароӣ
Рашт, 31.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт ба хотири таваҷҷуҳ зоҳир накардани ҷавондухтарон ба фарҳанги бегона ва нагаравидани онҳо ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлис баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ он буд, ки дар ин марҳилаи ҳассос бояд духтарон зиракии сиёсиро аз даст надода, ба расму оинҳо ва фарҳанги қадимии миллӣ арҷгузорӣ намоянд.
Инчунин ба ҳар гуна ҳизбу созмонҳои тундрав шомил нагардида, шаъну шараф ва ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд.