Рўзи дарҳои кушод дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -12 марти соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи дарҳои кушод доир мегардад. Раёсати донишкада ҳамаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею коллеҷҳоро барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват менамояд. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею коллеҷҳоро раёсати донишкада ва устодону донишҷўён пазироӣ намуда, онҳоро бо ихтисосу тахассусҳои донишкада, шароиту имкониятҳои барои таълиму тарбияи шогирдон мавҷуда, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, китобхонаҳои илмӣ ва электронию технопаркҳо ошно месозанд.
Ҳамзамон зерсохторҳои донишкада барои довталабон дастовардҳои донишкадаро муаррифӣ хоҳанд кард. Дар баробари ин, барои меҳмонон ва довталабон аз ҷониби гурӯҳи ҳунарии «Соҳибкор» барномаи рангини ҳунарӣ тақдим мегардад.
Марҳабо ба Рўзи дарҳои кушод!








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






