Сафари расмии намояндагони АИ ҶТ ба ҶМЧ
Душанбе, 10.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Аз 7 то 9 марти соли равон намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов бо сафари хизматӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати намояндагӣ дар Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Академияи илмҳои табиатшиносии Чин, Академияи илмҳои гуманитарии Чин, Ширкати миллии ҳастаии Чин, ҳамчунин институтҳои зертобеъ Институти физика (Озмоишгоҳи миллии физикаи муҳитҳои конденсии Пекин) ва Институти физикаи энергияҳои баланди Академияи илмҳои табиатшиносии Чин вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Тарафҳо оид ба ҷараёни рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология, ки дар Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология (соли 1993) ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин (соли 2014) пешбинӣ гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои назорати ҷараёни амалишавии созишномаҳои басташуда, иҷрои лоиҳаҳои муштарак ва коркарди самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология гурӯҳи кории доимӣ таъсис диҳанд.
Тарафҳо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи илм, технология ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, роҳҳои ҳамкории минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи минтақаи иқтисодии Роҳи Бузурги Абрешим муайян карданд.
10 марти соли 2016 ҳайати намояндагӣ барои идомаи гуфтушунидҳо бо воҳидҳои дахлдори Вазорати илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин ба шаҳри Урумчӣ сафар намуд.








Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид






