Сафирони Тоҷикистон ва Юнон дар Русия масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд
Душанбе,04.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов ва сафири Юнон дар Русия ва Тоҷикистон Данаи-Магдалини Кумануку дар Маскав доир гардид.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушд ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориро ҳам дар сатҳи ду ҷониб ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ муҳокима намуданд.
Инчунин ҷонибҳо сафари дарпешистодаи сафири Юнон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Сафири Юнон зикр кард, ки зимни сафари худ ба Душанбе як зумра вохӯриҳоро бо намояндагони расмии Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар онҳо роҳҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ хоҳанд шуд, баргузор менамояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






