Сангвор: Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон
Сангвор, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Сангвор гурӯҳҳои корӣ таъсис намуда, дар ҳар як ҷамоати ноҳия бо хонандагону омўзгорон ва волидон вохӯрӣ доир намуда истодааст.
Шуъбаи маориф ва илми ноҳия ҳамроҳ бо прокуратураи ноҳия ва шуъбаи корҳои дохилӣ ҳамкории зич дошта, оид ба масъалаҳои мазкур байни хонандагони синфҳои болоӣ вохӯриҳо гузаронида, дарсҳои тарбиявиро ба роҳ мондаанд.