Семинар дар ноҳияи Варзоб

Март 15, 2016 11:50

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дирўз дар ноҳияи Варзоб бо сокинони  деҳаи Варзобқалъа  аз  ҷониби  Маркази Орхуси назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб   ва бо дастгирии  шуъбаи иқтисодиёт ва экологияи Дафтари САҲА  дар Тоҷикистон семинар-тренинг  дар мавзўи «Таъсири вазъиятҳои фавқулода ба муҳити зисти  ноҳияи Варзоб» баргузор гардид.   Дар семинар-тренинг оид ба огоҳонии мардум роҷеъ ба масъалаҳои  пешгирии    офатҳои табиӣ  дар асоси оқилона истифода кардани захираҳои табиӣ,   мақоми  баланд бардоштани савияи дониши экологӣ  ва татбиқи онҳо дар замони муосир сухан гуфта шуд. Фирӯза Хоҷиева, корманди  Барномаи  ҳифзи муҳити зисти шуъбаи иктисодиёт ва экологияи  Бюрои САҲА дар Тоҷикистон оид ба барномаҳои экологии созмони мазкур мухтасар иттилоъ дод. Иштирокдорони семинар  рӯнамоии ходими калони илмии Институти хокшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Эргашевро  оид ба «Таҷрибаҳои заминистифодабарии устувор дар ноҳияи Варзоб» шуниданд.

Март 15, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»