Қ. Шарифзода: «Бухорои шариф»- сароғози матбуоти тоҷик

Март 10, 2016 17:52

Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Аввалин шумораи нахустрӯзномаи сирф тоҷикӣ “Бухорои шариф” 11-уми марти соли 1912 аз чоп баромад. Ин санаро ҳамасола дар Тоҷикистон  ҳамчун рӯзи матбуоти тоҷик аҳли қаламу фарҳанг ҷашн мегиранд. Ин анъана аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо унвони «Бухорои шариф» ба мо омадааст. Иди матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5-уми май ҷашн гирифта мешуд, ки рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии “Правда” буд. Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Парлумони Тоҷикистон 11-уми мартро рӯзи матбуоти тоҷик эълон кард.

Бахшида ба ин рӯз АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бо муаллими калони кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода мусоҳибаеро пешкаши хонандагони худ намояд.

        “Ховар”: Аз таърихи матбуоти тоҷик каме нақл мекардед.

Қ.Шарифзода: Матбуоти даврии тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад. То таъсиси нашрияҳои тоҷикӣ сухани катбии тоҷикӣ дар нашрияҳо ё рӯзномаҳое, ки берун аз Мовароуннаҳр ба табъ мерасиданд,  ҷой доштанд. Аз ҷумла, дар нашрияҳое, ки дар Афғонистону Эрон ва Миср, ҳатто дар Туркияю қисмати Қафқоз, ки ба нашр мерасиданду таърихи нисбатан кадимтар доранд, маводи тоҷикӣ ба табъ мерасиданд. Вале сароғози матбуоти миллии тоҷикро мо бо дили пур аз таъсис ва рӯи кор омадани рӯзномаи «Бухорои шариф» медонем. Рӯзнома ҷавобгӯй ба тамоми суннатҳои рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст ва таърихи он ҳам шурӯъ мешавад аз 11 марти соли 1912, ки бо ташаббус ва ҷоннисориҳои ду тан аз маорифпарварони Бухоро таъсис шуд ва дар Бухоро фаъолият кард.

Мирзомуҳиддин Мансурзода ва Мирзосироҷи Ҳаким ду тан аз маорифпарварони Бухоро дар пайи таъсиси нашрияи тоҷикие дар Ватани худ шуданд ва ниҳоят баъди гуфтугузори зиёд соҳиби матбааи хусусии Когон- Левини Яҳудиро ба суҳбат кашида, ӯро муътақид сохтанд, ки аз нашри ҷарида фоидаи зиёде метавонад ба даст биоварад ва ҳам бо ҳамдастию ёрии дӯстони бухороии худ аз идораи ҳам амири Бухоро ва ҳам элчихонаи Русияи подшоҳӣ дар Бухоро иҷозати чопро гирифтанд, ки ин кор дар он давр хеле мушкил буд, зеро амири Бухоро намехост, ки мардум рӯзномахон бошад, аз ҳаққу ҳуқуқи худ огоҳ ва мардум барои ислоҳот омода бошад,

Ҳамин тавр 11-уми марти соли 1912 нашрияи аввалини тоҷикӣ дар шаҳри Бухоро бо номи «Бухорои шариф» ба фаъолият шурӯъ кард. Нашрия умри зиёд надида, ҳамагӣ 153 шумора ба табъ расид ва 2-юми январи соли 1913 боз ҳам бо миёнаравии элчихонаи Рус ва амри амири Бухоро Олимхон аз фаъолият бозмонд.

Ховар”: Ба андешаи баъзе муҳаққиқон дар ташкили рӯзномаи «Бухорои шариф» намояндагони дигар миллатҳо низ саҳм доранд. Вобаста ба ин масъала чӣ гуфтаниед?

 Қ.Шарифзода: Азбаски дар Бухоро ҳанӯз таҷрибаи ташкил намудани рӯзнома бо забони маҳаллӣ, яъне бо забони тоҷикӣ чандон устувор набуд, бинобар ин ҳангоми таъсиси «Бухорои шариф» муассисон аз пайи ҷустуҷӯ ва дарёфти муҳаррир шуданд ва муҳаррирро аз шаҳри Боку даъват карданд. Яъне Юсуфзодаи Озарӣ дар шаҳри Боку дар нашрияҳое, ки дар Боку ва Тифлис ба табъ мерасиданд ва дар он ҷойҳо гӯшаҳо ё маводи бо забони форсӣ низ ба табъ мерасид, фаъолият карда буд. Ӯ дар рӯзноманигорӣ ҳам аллакай собиқа дошт ва аз ҷиҳати дигар Юсуфзода аз аҳли фарҳанги Боку буд, ки ба адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дилбастагии зиёд дошт.  Дар бораи намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс мақолаҳо эҷод карда буд. Дар доираи маорифпарварон, фарҳангиёни Қафқоз ва Мовароуннаҳр шахси шинохта буд. Аз  ин хотир Мирзоҷалол Юсуфзодаро ба муҳарририи «Бухорои шариф» даъват карданд ва ӯ аз аввал то ба охир ин корро  ба уҳда дошт.

Ховар”: Рӯзномаи «Бухорои шариф» чӣ гуна аз мушкилоти иқтисодие, ки моҳи июли соли 1912 дучор шуда буд, раҳоӣ ёфт?

Қ. Шарифзода: Рӯзномаи  «Бухорои шариф» ҳамчун як нашрияи нахустин бо вуҷуди умри кӯтоҳи худ мушкилоти зиёдеро низ аз сар гузаронид. Дар аввалҳо, ки ҳафтае чор-панҷ маротиба  ба табъ мерасид, то моҳи июл бо ҳамин минвол давом кард ва моҳи июл мушкилии молӣ пеш омад. Азбаски дар марҳилаи аввал умеди мухлисону дастандаркорони «Бухорои шариф» аз обуна шудан ё муштарӣ шудани талабаҳои мадрасаҳо ва аҳли саводи Бухоро ва атрофи он бароварда мешуд, яъне теъдоди нашри рӯзнома, ки хеле ба сустӣ пеш мерафт, аммо дар  барои аз мушкилӣ раҳо намудани нашрия боз ҳам Мансурзода ва Мирзоюсуф як ширкате бо номи «Бухорои шариф» таъсис доданд ва тавассути маблағи бадастовардаи ширкат ба ҷарида кумаки молӣ расониданд ва ниҳоят «Бухорои шариф» тавонист, ки то охири сол фаъолиятро идома диҳад.

Ховар”: Оё аз аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» дар Тоҷикистон ягон шумора мавҷуд аст?

 Қ. Шарифзода: Албатта, «Бухорои шариф» ба ҳайси нахустин нашрияи миллии мо аҳамияти хосеро дар таърихи матбуоту  фарҳанги мо ҷойгоҳи хосеро сазовор аст, вале мутаассифона, имрӯз мо дар китобхонаҳо,  марказҳои омӯзишӣ ва таҳлилии фарҳангу матбуотамон шумораҳои катбии ин нашрияамонро дар даст надорем. Шумораҳои парокандаи катбии «Бухорои шариф» имрӯз дар осорхонаи мардумии шаҳри Бухоро як қисм мавҷуд аст ва як қисми дигар аксари шумораҳои «Бухорои шариф» дар китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Алишер Навоии ш. Тошканд ва дар китобхонаи шаҳри Амстердами Ҳоланд мавҷуд аст, ки муҳаққиқони мо бештар аз нусхаҳои он истифоа мекунанд. Бо кӯшиши раёсати Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2012 қариб 80 шумораи нусхаҳои электронии он аз китобхонаи шаҳри Амстердами Ҳоланд оварда шуд ва имрӯз мавриди таҳқиқ ва омӯзиши муҳаққиқон қарор дорад.

Ховар”: Муҳаққиқони тоҷик ақида доранд, ки матбуоти мо як давраи тиллоиро низ аз сар гузаронидааст. Мегуфтед, ки ин давра кадом солҳо буд ва чаро чунин ном гирифт?

Қ. Шарифзода:  Имрӯз матбуоти тоҷик таърихи беш аз садсола дорад. Месазад, ки ба марҳилаҳои ташаккул ва рушди он як назар карда бошем. Дар ин маврид бояд гуфт, ки матбуоти тоҷик то ба имрӯз пурра ташаккул ёфта, ба нафъи давлату миллат хизмати шоиста мекунад.

Таҳияи Шукӯҳи Далер

 

 

Март 10, 2016 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад