Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба иди Наврӯз
Душанбе, 03.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо оид ба баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (20-24 марти соли 2016) тасмим гирифтааст, ки 19 марти соли 2016, соати 10:00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба Наврӯз доир намояд.
Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиум меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, олимон ва адибону шоирони ҷумҳурӣ иштирок ва маърӯза менамоянд. Дар назар аст, ки дар симпозиум дар баробари ҷаласаи ифтитоҳӣ (пленарӣ), ҳамчунин масъалаҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фалсафаи Наврӯз; суннатҳои фарҳангии Наврӯз ва аҳамияти онҳо дар ҷаҳони муосир; бозтоби масоили Наврӯз дар адабиёти ҷаҳонӣ ва нақши “Роҳи абрешим” дар густариши Наврӯз баррасӣ шаванд.
Забонҳои кории симпозиум тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд дар симпозиум маърӯза намоянд, матни электронии мақолаи худро аз рӯйи бахшҳои мазкур тавассути почтаи электронии rakesh-23@mail.ru ирсол намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули мақолаҳо то 10-уми марти соли 2016 мебошад.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






