Тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ба 165 зани фаъол дар Роғун
Роғун, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Роғун ба ифтихори Рӯзи Модар бо иштироки зиёда аз 300 нафар занҳои ҷавону фаъол ва собиқадорон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз занону модаронро бо иди фархундаашон табрик намуда, барояшон тандурустию хонаободӣ таманно намуд.
Ҳамчунин раиси шаҳр ба 165 нафар занҳои маъюб, собиқадорон ва фаъолони шаҳр туҳфаҳои пулию хотиравӣ тақдим намуд.