Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Олмон

Март 25, 2016 12:05

Душанбе, 25.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва мусоидати шаҳрдории шаҳри Берлини Олмон ҷашни байналмилалии Наврӯз 2016 бо иштироки кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон бо шукӯҳи хосса дар толори бузурги Осорхонаи этнологии шаҳри Берлин баргузор гардид.
Тантанаҳои ҷашни наврӯзиро иштирокдорони ин ҳамоиш аз тамошои гӯшаҳои фарҳангӣ оғоз намуданд. Сафорати Тоҷикистон дар Олмон гӯшаи фарҳангӣ иборат аз маводи бозгӯйи фарҳанги миллӣ созмон дода, маводи таблиғотӣ оид ба таъриху фарҳанги куҳани ниёгонамонро ба ҳозирин пешниҳод намуд.
Бо ташаббуси Сафорат Наврӯзнома бо забони олмонӣ таҳия гардида, ба кулли ҳозирин тақдим гардид, ки дар он таърихи пайдоиши Наврӯз ва унсуру рукнҳои ин ҷашни қадимӣ шарҳ дода мешавад. Ҷашни наврӯзиро намояндаи шаҳрдории Берлин ифтитоҳ бахшида, сипас гурӯҳҳои ҳунарӣ ва сарояндаҳои шинохтаи кишварҳои иштирокдор ба ҳозирин барномаҳои идонаи ҳунариро бо завқи баланд пешниҳод намуданд.
Дар фурсати танаффус барои меҳмонон мизҳои хӯрокҳои миллии кишварҳо пешниҳод шуданд. Ба базмгоҳи наврӯзӣ шаҳрвандони шаҳри Берлин, инчунин Сафорати Тоҷикистон дар кишвари иқомат аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳунармандон, олимон ва ҳамватанонамон, ки дар Олмон зиндагию кор ва таҳсил мекунанд, даъват шуда буданд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо ҳамватанонамон суҳбат намуда, онҳоро бо ҷашни фархундаи Наврӯз табрик гуфт.

Март 25, 2016 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст