Татбиқи самараноки «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020»
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Иҷрои вазифаҳо ва татбиқи чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумхурии Тоҷикистон то соли 2020 имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумхурии Тоҷикистон, намояндагони Бюрои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат дар шаҳри Маскав ва коршиносони миллӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нуъмон оид ба татбиқи стратегияи мазкур ба ҷамъомадагон ҳисоботи муфассал дод.
Инчунин сармутахассис оид ба масъалаҳои шуғли аҳолии Бюрои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат О.Кулаева доир ба вазъи шуғлнокии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон; коршиноси миллӣ- Р.Бобоҷонов оид ба мониторинги ҷараёни татбиқи «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» маъруза карданд.
Пас аз баррасии масъалаҳо дар хусуси татбиқи минбаъдаи самараноки «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумхурии Тоҷикистон то соли 2020» қарори дахлдори шуро қабул карда шуд.








Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






