Телевизор ва кондитсионерҳои бо роҳи қочоқ воридгардида ошкор шуданд

Март 30, 2016 16:33

Душанбе, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар анбори корхонаи коркарди пӯсти шаҳри Душанбе миқдори зиёди телевизорҳои калонҳаҷм ва кондитсионерҳои бидуни ҳуҷҷатро ошкор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронӣ маълум гардид, ки дар дохили анбор 1 299 телевизори гуногунҳаҷми истеҳсоли хориҷии тамғаи ТCL ва 1 150 кондитсионери ТCL мавҷуд аст. Зимни муоинаи гумрукӣ аён шуд, ки моли мазкур ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ дорад ва соҳибмулк ба кормандони гумрук ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мол пешниҳод карда натавонистанд. Нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаи санҷишӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.

Март 30, 2016 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад