Р. Пилипчук: Барои ҳунарнамоии дастаи мунтахаб танҳо сармураббии даста ҷавоб мегӯяд

Март 28, 2016 14:13

Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Роман Пилипчук, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷойгузини иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба нишасти матбуотии  пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба меҳмонхонаи “Hyatt regency” ҳозир шуд, ба саволи хабарнигорон ҷавоб гуфта, арз намуд, ки ба ҳунарнамоии футболбозони дастаи мунтахаб  танҳо сармураббии даста ҷавоб гуфта метавонад ва фардо низ барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Қирғизистон ӯ бо  сармураббӣ Мубин Эргашев дар мавриди бо кадом ҳайат ба майдон омадани даста маслиҳат мекунад.

Роман Пилипчук баъди аз вазифа сабукдӯш шудани Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайси мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон интихоб шуд ва баробар бо ин дастаи мунтахаби ҷавонони кишварро ба бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил омода кард ва аз Санкт- Петербург бе ягон натиҷаи қобили қабул баргашт. Имрӯз ӯ сармураббии дастаи “Барқчӣ” ва ҳамчунин дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки Салоҳиддин Ғафуров онро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2016 роҳнамун сохтааст, таъйин гардидааст.

Нуриддин Давронов, бозингари дастаи мунтахаби кишвар  пеш аз сухан гуфтанаш аз тамоми мухлисони футболи тоҷик аз бохти ниҳоят калон аз мунтахаби Австралия узр хоста, ваъда дод, ки дар дидор бо дастаи мунтахаби Қирғизистон бо тамоми кӯшиш бозӣ мекунанд, то  рӯҳафтодагии мухлисонро бартараф созанд.

Самураббии тими мунтахаби Қирғизистон Александр  Крестинин аз истиқболу меҳмоннавозии ФФТ қаноатмандӣ изҳор карда, афсус хӯрд, ки тими мунтахаби Қирғизистон фурсатҳои хуби ба даври дигар гузаштанро дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 аз гурӯҳи “Б”-и Осиё истифода набурд ва фардо дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз бозиҳои хубашро нишон хоҳад дод.

Дарвозабони миллипӯшони қирғиз Валерий Кашуба, ки соли гузашта шарафи дастаи “Хуҷанд”-ро ҳимоя кардааст ва бо бозии дастаи мо ошност, аз ин вохӯрӣ умеди калон дорад. Муборизаи дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамеша аз аҳамият холӣ набуд ва ин навбат ҳам ҳар ду даста кӯшиш мекунанд, ки ба комёбӣ ноил шаванд.

Ёдрас мешавем, ки  дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳам 11 маротиба рақобат кардаанд, ки 7 маротиба Тоҷикистон  ва 2 маротиба Қирғизистон пирӯз гардида, 2 бозӣ ба тасовият расидааст. Таносуби  тӯбҳо ҳам 18 бар 10 ба нафъи футболбозони мост.

Дар Осиёи марказӣ натиҷаи имсолаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Узбекистону Қирғизистону Туркманистон хеле паст аст.

Март 28, 2016 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд