Тоҷикобод: тақдими туҳфаҳои наврӯзӣ
Тоҷикобод, 25.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ хатнатуйи 25 кӯдак аз оилаҳои ниёзманду ятимдор ва 5 тӯи арусиро доир намуданд.
Аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандон ба кӯдакон либосҳо ва ба навхонадорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд. Ҳамчунин ба иштирокдорони ҷанг ва собиқадорону маъюбон кумакҳои пулӣ расонида шуданд.