«Тоҷикстандарт»-и Хатлон истеъмоли маҳсулоти хӯроквории муҳлаташ гузаштаро пешгирӣ намуд
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Мутахассисони маркази «Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро ошкор намуданд.
Тавре ки роҳбари марказ дар вилояти Хатлон Пирназарзода Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, 9 марти соли равон зимни гузаронидани назорати давлатӣ дар анбори яклухтфурўшии молу маҳсулот, ки ба соҳибкори инфиродӣ Икромшоҳ Давронов, сокини шаҳри Қурғонтеппа тааллуқ дорад, 70 қуттӣ қиёми помидор, 300 кг макарон (навъи ролтон), 400 кг маҳсулоти қаннодӣ ва 40 кг консерваи бодиринги истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, аз фурӯш боздоштанд.
«Дар борҷомаҳои маҳсулот бо забони давлатӣ ягон навиштаҷот барои истеъмолкунандагон дарҷ нагардидааст. Илова бар ин маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо маводи шустушўӣ бе зертахта дар рўйи замин гузошта шудаанд. Маҳсулоти мусодирашуда аз анбори соҳибкор ба анбори нигоҳдории маҳсулоти ғайристандартии маркази «Тоҷикстандарт»-и вилоят интиқол дода шуданд.
«Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон минбаъд низ дар ин самт назоратро пурзӯр намуда, барои ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад намуд»,-илова намуд Пирназарзода Диловар.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






