Толиб Рифоӣ: Туризми Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст

Март 15, 2016 11:10

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ»Ховар»).- Рӯзҳои 8-13 марти соли 2016 дар пойтахти кишвари Олмон намоишгоҳи байналмилаии туристии ITB-Берлин баргузор гардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он бо созмон додани ду гӯшаи туристӣ ва бо шарикӣ дар ду гӯшаи сайрхатҳои минтақавӣ захираҳои бойи туристии кишварро муаррифӣ намуд. Аз гӯшаи Тоҷикистон Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ дидан намуда, бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкории Созмони ҷаҳонии туристӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Толиб Рифоӣ ба рушди туризми кишвар баҳои мусбат дода, иброз дошт, ки туризми Тоҷикистон дар ҳолати рушд қарор дорад ва ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бахши хусусии соҳа имкон медиҳад, ки ин бахши муҳими иқтисоди миллӣ рушди бемайлон намуда, шумораи сайёҳон дар кишвар даҳчанд афзояд. Дар навбати худ ин раванд метавонад боиси таъсиси ҷойҳои кории зиёд ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум гардад. Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Март 15, 2016 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад