УЭФА: Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо шояд бе иштироки мухлисон гузаранд

Март 2, 2016 09:28

Душанбе, 2.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо, ки тобистони соли равон дар Фаронса мегузаранд, мумкин аст аз як варзишгоҳ ба варзишгоҳи дигар, аз як шаҳр ба шаҳри дигар ва аз як вақт ба вақти дигар гузаронида шаванд,-чунин иттилоъ расидааст аз УЭФА. Сабаби асосии пайдо шудани ин хабар он аст, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Париж- пойтахти Фаронса ҳамлаҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд ва дар ҷараёни бозии байни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Олмон дар наздикии варзишгоҳи “Стад де Франс” се таркиш ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 130 нафар мубталои ин фоҷиа гардиданд. Бо сабаби таҳдиди таркондани варзишгоҳ дар Ганновер вохӯрии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Олмон ва Ҳолланд баргузор нашуд.
“Мо дар бораи ягон таҳдиди террористӣ чизе намедонем, аммо ҳамаҷониба омодаем”,- гуфтаанд аз УЭФА.
Ёдрас мешавем, ки бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо аз 10 июн то 10 июл дар даҳ шаҳри Фаронса баргузор хоҳанд шуд.

Март 2, 2016 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд