ВАО дар бораи марги клиникии роҳбари низомии ДИ хабар дод

Март 14, 2016 10:20

Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба ном вазири мудофиаи «Давлати исломӣ» Абу Умар аш-Шишанӣ дар ҳолати марги клиникӣ қарор дорад. Ӯ дар натиҷаи зарбаи ҳавоии Амрико ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Тавре ки ба шабакаи телевизионии «Al Arabiya» намояндаи ҳуқуқи башар дар Сурия Рами Абдул Раҳмон хабар дод, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ аш-Шишанӣ, ки масъули амалиёти ҳарбии «Давлати исломӣ» аст, ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати марги клиникӣ қарор дорад.
Бино ба маълумоти шабакаи телевизионӣ, террорист наметавонад худ нафас гирад ва бо дастгоҳи махсус ба ӯ нафаси сунъӣ дода мешавад. Ҳоло ӯ дар беморхонае дар шарқи музофоти Раққаи Сурия қарор дорад.
8 март агентии иттилоотии «Reuters» бо истинод ба манобеъ дар ИМА иттилоъ дода буд, ки эҳтимол аш-Шишанӣ дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ фавтидааст, вале дар Вашингтон ин маълумотро натавонистанд тасдиқ кунанд.
Баъдтар фаъолони ҳуқуқи башар иттилоъ доданд, ки аш-Шишанӣ зинда аст, вале ҷароҳати вазнин бардоштааст. Дар бораи вазъияти ӯ маълумоти муфассал дода намешавад.

Март 14, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст