Вохӯрии Фарҳод Раҳимӣ бо Алтай Борубоев
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ Ховар). — 4-уми марти соли 2016 дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ Абдусаттор Саидов, ноибони АИ ҶТ Кароматулло Олимов, Муҳиба Яқубова, директори Институти математикаи АИ ҶТ Зарулло Раҳмонов, академики АИ ҶТ Мирган Шаҳбозов бо ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, академик Алтай Борубоев доир гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаи илм баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар бораи шӯроҳои диссертатсионии муштарак сухан гуфта шуд. Ҳоло байни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои диссертатсионии байнидавлатӣ дар соҳаи экология фаъолият дошта, барои фаъолияти шӯроҳои нави диссертатсионӣ пешниҳодҳо манзур гардиданд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






