Вохӯрии кормандони милитсия бо шаҳрвандон
Кӯлоб, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Кӯлоб бо ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Точикистон вохӯрӣ доир гардид, ки дар ҷараёни он масъулин аз фаъолияти назарраси милитсияи тоҷик ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти соҳа ёдовар шуданд. Зикр шуд, ки бо икдоми сиёсӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои мухталифи хоҷагии халқ инкишоф ёфта, шароити корӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои зертобеи он пурра фароҳам оварда шуд. Мақомоти милитсия ҳамчун сипари боэтимоди давлатанд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки мақомоти милитсия дар барҳам задани амалҳои номатлуб, решакан намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирӣ намудани гаравиши ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа нақши арзанда доранд.