Вохӯрии «Пешоҳанг» бо мактаббачагони ноҳияи Хуросон
Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-11 март як зумра аъзои гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонони ноҳияи Хуросон ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони ШВКД дар ноҳияи мазкур бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва литсеи №1-и ҳамин ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону ноболиғони ШВКД дар ноҳияи Хуросон капитани милитсия Қаландаров Умар, мудири шуъбаи ҷавонони ноҳия Баҳром Азизов ва аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Муҳсин Муродзода сухан гуфта, оид ба пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили тундгароию ифротгароӣ ва равияи мамнӯи «салафия» ибрози андеша намуданд.
Зимни суҳбати озод бо толибилмон зикр гардид, ки Ватани азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, барои илмомӯзии ҷавонону наврасон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст. Аз ҷавонон танҳо тақозо карда мешавад, ки ба омӯхтани илму дониш машғул гардида, вақти пурқиммати худро беҳуда сарф накунанд ва аз амалу кирдорҳои ҷинояткорона дурӣ ҷӯянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ хонандагон дар васфи Ватан, модар ва зебоиҳои диёр шеърҳо қироат намуданд.