Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоруғ
Хоруғ, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ доир гардид. Дар он бештар маҳсулоти кишоварзӣ аз ниҳолхонаҳои Институти биологии «Помир» ба фурӯш бароварда шуд. Ҳамчунин дар ярмарка маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тамоми гӯшаю канори вилоят, соҳибкорони инфиродӣ, муассисаи хоҷагии ҷангали вилоят, ҷамъияти матлуботи вилоят ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури сокинон гардонида шуд.
Қувватбек Одилбеков, номзади илмҳои биологӣ зикр намуд, ки танҳо аз ниҳолхонаҳои Институти биологии «Помир» 25 намуди гулҳои ҳархелаи бисёрсола ва яксола, 42 намуди дарахтони мевадору сояафкан пешкаши харидорон шуданд. Аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ишкошим зиёда аз 6 тонна картошка, орди гандуми маҳалӣ ва орди боқило ба ярмарка оварда шуда, аз ноҳияи Дарвоз дарахтони ситрусӣ дар ярмарка ба фурӯш бароварда шуданд.