Зуҳуров Раббониро ба Тоҷикистон даъват кард
Душанбе, 16.03.2016.(АМИТ Ховар).- Покистон кишвари дӯст ва шарики Тоҷикистон буда, густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Ризо Раббонӣ-раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Дар мулоқот мусоҳибон масоили мубрами таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, энергетика, фарҳанг, туризм ва дигар бахшҳои афзалиятноки равобити ду кишварро баррасӣ намуданд. Инчунин ҷонибҳо дар заминаи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ мавқеи муштараки худро баён карданд. Зикр шуд, ки дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳонӣ робитаҳои мо бояд бештар густариш ёбанд ва барои мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб аз имконоти мавҷудаи кишварҳои хеш ба таври муштарак истифода намоем.
Дар фарҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров аз Ризо Раббонӣ даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват аз ҷониби Ризо Раббонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд






