Қабули ҳисоботи омории электронии соҳаи саноат

Апрель 28, 2016 10:48

Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули ҳисоботи омории электронии соҳаи саноат шурӯъ менамояд. Бо ин мақсад дар  Агентии омор намоиши гузариш ба ҳисоботи моҳонаи электронии омори саноат барои масъулини корхонаю ташкилотҳои саноатии шаҳри Душанбе барпо гардид. Дар намоиш роҳбарон, муҳосибон ва иқтисодичиёни қариб 50 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо вобаста ба кам намудани ҳисоботи оморӣ ба соҳибкорон, ҳамчунин гузариш ба ҳисоботи электронӣ дастуру супоришҳо додаанд.
Мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаҳри Душанбе аз рӯи ҳисоботи моҳи феврали соли 2016, 4 ҳазору 155 корхонаю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ҳисоботи электронии музди меҳнат пешниҳод намудаанд, ки 77,2 фоизи миқдори умумии ҳисоботсупорандагонро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур кифоя нест, зеро мо бояд аз ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ҳисоботи электрониро қабул намоем. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти техникӣ корхонаю ташкилотҳо метавонанд аз терминали мақомоти омори шаҳри Душанбе истифода намоянд.
Бо мақсади вусъат додани корҳои гузариш ба ҳисоботи электронӣ дар айни замон кашидани хати нурӣ дар сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе идома дорад.
Барои омода намудани барномаи воридкунӣ ва коркарди ҳисоботи электронӣ мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ аз ҳисоби Лоиҳаи татбиқи «Стратегияи миллии рушди омор», ки аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, ҷалб шуда буданд ва марҳилаи навбатии гузариш ба ҳисоботи электронӣ ба омори саноат тааллуқ дорад.
Соҳаи  саноат аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб шуда, талабот ба иттилоот оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ, алалхусус молҳои воридотивазкунанда хеле зиёд шудааст.
Аз 1 майи соли 2016 корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе имкон доранд ҳисоботи омории моҳонаи «1-саноат»-ро бо усули электронӣ пешниҳод намоянд.

Апрель 28, 2016 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд