Ҳаким Фузайлов — сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Апрель 29, 2016 14:10

Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаким Фузайлов,  бозингари шӯҳратёри дастаи «Помир»-и Душанбе, муовини роҳбари техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъйин гардид.
Ба зиммаи ин мураббии 51-сола вазифаи ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби кишвар вогузор шуд.
Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармураббӣ рӯзи 2 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба майдон мебарорад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо  7 июн дар Бангладеш дар назар дошта шудааст.
Муаррифии Ҳаким Фузайлов расман рӯзи 3 май дар конфронси матбуотие дар ФФТ сурат мегирад. Ӯ ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб мегӯяд.
Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августа соли 1964 таваллуд шудааст. Ҳамчун бозингар қадами нахустини худро ба футболи касбӣ дар дастаи «Пахтакор»-и Қурғонтеппа гузоштааст. Аз соли 1986 то соли 1991 дар ҳайати дастаи «Помир»-и Душанбе бозӣ карда, баъдан соли 1992 ба дастаи «Локомотив»-и Маскав гузаштааст. Дар ҳайати ин даста ӯ соли 1994 сазовори медалҳои биринҷии Чемпионати Русия гардидааст. Соли 1995 даъвати дастаи «Арсенал»-и Туларо пазируфта, дувуним сол дар лигаи дуввуми Русия ба ҳайси капитан ҳунарнамоӣ кардааст. Баъди анҷоми мавсими соли 1997 ба даъвати дастаҳои «Металлург»-и Красноярск, «Дӯстлик»-и Узбекистон ва клубе аз дивизиони дуввуми Франсия нигоҳ накарда, Ҳаким Фузайлов майдони футболро тарк кард.
Ба ҳайси мураббӣ Ҳаким Фузайлов клуби узбекистонии «Бухоро»-ро  соли 1990  ва баъдан «Динамо»-и Самарқандро машқ додааст. Соли  2003 сармураббии дастаи «Андиҷон» ва баъди як сол мураббии «Титан»-и Русия шудааст. Аз соли  2005 дастаи «Локомотив»-и Калугаро машқ додааст.
Солҳои  2005-2010 дар вазифаи мураббии интихобгар дар дастаи «Локомотив»-и Маскав фаъолият кардааст. Аз соли 2011 — муовини директори клуби Ростов буд.
Моҳи январи соли 2012 Фузайлов ба вазифаи  ноиби президенти клуби «Локомотив»-и Тошканд  дар самти интихоби бозингарон вазифадор шуда, баъдан сармураббии ин даста таъйин гардид.
Баъди аз дастаи «Локомотив» рафтан Фузайлов дар вазифаи мураббии интихобгари клуби «Терек»-и Грозний кор кардааст. Аз моҳи январ то ҳоло дар вазифаи муовини роҳбари техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон кор мекард.

Апрель 29, 2016 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд