Ҷаласаи XVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Апрель 12, 2016 16:02

Душанбе, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Зимни  баррасии  масъалаи  якуми ҷаласа дар бораи иҷрои қарорҳои ҷаласаи 15-уми Шӯрои машваратӣ Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим таъкид кард, ки  дар  доираи  иҷрои қарорҳои  ҷаласаи понздаҳуми  Шӯро  “Рӯзи соҳибкор” ва   Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон баргузор шуда, як қатор тадбирҳои муҳими дигар  дар роҳи беҳтар намудани соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ гардидаанд.

Доир ба масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласаи Шӯро, аз ҷумла  муаррифии лоиҳа ва натиҷаҳои таҳлили Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, натиҷаҳои таҳлили пешакии мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳамчунин роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд гузориш доданд.

Барои баррасӣ дар ҷаласаи навбатӣ  масъалаи  беҳтар  намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар соҳаи  нақлиёт  пешниҳод  карда  шуд, ки  аз  ҷониби аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Дар  хотимаи  кори  ҷаласаи 16-уми Шӯрои  машваратии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва дигар масъулони дахлдорро  барои  иҷрои саривақтии  нақшаю чорабиниҳо ва қарору тавсияҳои ҷаласаи навбатии Шӯро вазифадор намуд.

Апрель 12, 2016 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид