«Андалеб-2016» : Донишкадаи политехникӣ соҳиби 100,9 хол гардид
Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина дарёфти соҳибистеъдодҳои ҷавон, беҳтарин ҳунармандон, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолият, эҳё ва тарғиби санъати ниёгон ва муосир дар байни ҷавонон соли сеюм аст, ки дар миқёси кишвар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» доир мегардад.
Чанд рӯз пеш дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни вилоятии «Фурӯғи ҷавонӣ» миёни 4 факултаи донишкада сурат гирифт.
Дар фестивал- озмуни «Андалеб-2016» беҳтарин донишҷӯёни ҳунарманди донишкада аз рӯи шартҳои намоиши ҳунарҳои миллӣ, рақси якка, навозиш бо ин ё он асбоби мусиқӣ, суруди якка, намоиши либосҳои занона ва мардонаи миллӣ, суруди халқӣ, намоиши тӯйи арӯсӣ, иҷрои суруд дар жанри мусиқии «Шашмақом», саҳнаи рақсию овозӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ маҳорат ва малакаи худро нишон доданд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунарнамоии донишҷӯён баҳои баланд доданд. Махсусан ба аҳли нишаст намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки маҳсули дастони худи донишҷӯён буд, ҳамчунин саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди зарафшонӣ, навозиш бо най, рақси якка, саҳнаи рақсӣ — овозӣ писанд омад. Дар ҷамъбаст ҳунармандони донишкада 100, 9 холро ба даст оварданд, ки ин дар қиёс бо ғолиби «Андалеб»-и соли гузашта хеле баланд аст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






