“Атлетико”: Қадаме ба сӯи финал
Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои нимниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо ду дастаи Испания -“Атлетико” ва “Реал”-и Мадрид гомҳои худро ба сӯи бозии ниҳоии ин ҷом гузоштанд. Дирӯз “Атлетико” дар баробари “Бавария”-и Олмон дар варзишгоҳи “Висенте Калдерон” бо голи ягонаи Саул дар дақиқаи 11 –ум ба ғалаба комёб шуд. “Бавария” ҳарчанд дар давоми бозӣ 69 дар сади назорати тӯбро дар ихтиёр дошт, аммо хати дифои “Атлетико”-ро рахна карда натавонист.
Аз рӯи пешгӯии мутахассисон “Бавария” барои ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтан имкони бештар дорад.
Дар ин радиф “Реал” вохӯриашро дар Англия бо “Манчестер Сити” бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом дод.
Бозиҳои ҷавобии дастаҳо рӯзҳои 3 ва 4-уми май гузаронида мешаванд.








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






