Ҷавонону наврасони Мастчоҳ аз аҳдофи ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ огоҳ гардиданд
Душанбе, 13.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади огоҳ кардани ҷавонону наврасон аз аҳдофи ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо ҷавонони фаъол ва варзишгарон мулоқоти васеъ баргузор гардид.
Раиси ноҳия таъкид дошт, ки ҷавонони ноҳия махсусан дар соҳаи фарҳангу варзиш хеле фаъол буда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Прокурори ноҳия Ф. Ҷаҳонгирӣ оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон иттилоъ дода, дар бораи пешгирии ҳолатҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ сухан гуфт ва роҳҳои ҳалли масъаларо пешниҳод кард.
Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Мастчоҳ Ҷ. Қодиров аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи доми ифротгарон нашаванд.
Як гуруҳ ҷавонони фаъол, омӯзгорони собиқадор ва руҳониёни шинохта сухан гуфта, насли наврасро ба худшиносию ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллию мазҳабӣ ва расидан ба қадри истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ даъват карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






