Б.Ғафуров: Мубориза бар зидди бемории сил пурзӯр мегардад
Б. Ғафуров, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гирифторони бемории сил зиёда аз 293 нафарро ташкил медиҳанд. Тибқи иттилои Раъно Раҳимова сардори Маркази мубориза бар зидди бемории сил дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамасола дар марказ гирифторони бемории сил ба қайд гирифта мешаванд, дар 3-моҳаи аввали соли 2016 14-нафар беморони сил бори аввал дар рӯйхат ворид шуданд, ки аз онҳо 8 нафар гирифтори сили шуши буда, микробхориҷкунанда мебошанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Раъно Раҳимова гирифторони бемории сили шушӣ дар беморхонаи зидди силӣ бистарӣ шуда, алоқамандони онҳо аз ташхиси тиббӣ гузаронида мешаванд ва муддати як сол дар зери назорати духтур қарор мегиранд.