Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба миёни Қоҳир Расулзода ва Питер Буриан
Душанбе, 21.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Питер Буриан мулоқот кард. Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал оид ба татбиқи «Барномаи индикативии бисёрсола барои солҳои 2014-2020», ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои рушди деҳот, маориф ва тандурустӣ фаро мегирад ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки раванди ҳамгироии кишварҳои минтақаро таҳким мебахшад, табодули афкор карданд.
Зимни мулоқот аз вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардид, ки Иттиҳоди Аврупо дар раванди ҳамгироии доманадор бо кишварҳои минтақа ба рушди робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






