Баррасии мавзӯи “Мансури Ҳаллоҷ ва ҷунбишҳои миллӣ дар “Ҷаҳони андеша”
Душанбе, 21.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” бо иштироки адибон ва донишмандони тоҷик баргузор гардид. Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии АИ ҶТ дар маҳфил мавзӯи “Ҳаллоҷ ва ҷунбишҳои миллӣ” мавриди баҳс қарор гирифт, ки дар он гузоришдиҳанда пажӯҳишгар ва донишманди тоҷик Ҷамшеди Азимпур аз андешаҳои ҳикматомези ин шахсияти бузург намунаҳо пешниҳод кард.
Дар натиҷаи баҳс миёни донишмандони соҳаҳои гуногуни илми муосир чеҳраи воқеии Мансури Ҳаллоҷ чун яке аз нерумандтарин намояндагони тасаввуфи амалӣ ошкор гардид. Ҳамчунин зикр гардид, ки барои воқиф сохтани ҷомеаи муосир аз ҳақиқати ҳоли ин абардмард бояд рисолаҳо навишта шаванд.
Ба диққати кулли донишмандон, пажӯҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






