Баррасии раванди омодагиҳо ба баргузории маросими расмии оғози сохтмони тарҳи КАСА — 1000 дар ВКХ
Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрели соли 2016 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар доктор Насираҳмад Андешаро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистонро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ намуданд. Дар ин замина ба раванди омодагиҳо ба баргузории маросими расмии оғози сохтмони тарҳи КАСА -1000, ки татбиқи он дар рушди ҳамкории гуногунҷанба ва таъмини амнияту суботи минтақа аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, таваҷҷуҳи вежа зоҳир гардид.
Атрофи тарҳҳои дигари минтақавӣ ва масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, ҳифзи сарҳадот ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир табодули назар сурат гирифт.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






