«Беҳтарин оилаи китобхон» ва «Китобхони беҳтарин» — ҳамоиш дар Қурғонтеппа

Апрель 28, 2016 10:47

Душанбе, 28.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»  аз  1 май  то 31 августи соли равон  дар шаҳри Қурғонтеппа ҳамоиши «Беҳтарин оилаи китобхон» ва «Китобхони беҳтарин» -ро дар мавзӯи «Нон ғизои ҷон бошад, китоб ғизои рӯҳ аст»  мегузаронад. Мақсади асосии баргузор намудани ҳамоиш талқини аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб  ва арҷгузорӣ ба он аст.
Дар ин бора аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон хабар дода, дар тақвияти он зикр карданд, ки ҳамоиши мазкур  4 сентябри соли равон  дар Рӯзи китоб ҷамъбаст гардида, беҳтарин китобхонҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Апрель 28, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар