Беш аз 76 сокинони ноҳияи Шаҳринав ба ФР фиристода шуданд
Душанбе, 18.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 76 сокинони ноҳияи Шаҳринав ба вилоятҳои Волгоград, Самара ва Краснодари Федератсияи Русия барои кор фиристода шуданд.
Тавре ки мудири бахши Хадамот дар ноҳияи Шаҳринав Муҳибулло Бобоев иброз намуд, танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомўзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад. Дар соли сипаригашта 834 сокини ноҳия ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 486 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.Тавассути татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 315 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
«Дар семоҳаи аввали соли равон ба шуъбаи Агентӣ 603 сокини ноҳия муроҷиат намуд, ки 298 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 155 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 94 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои кори бандшуда (квотаҳо) ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 13 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 40 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 97 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ мувофиқи барнома дар марказҳои таълимию касбии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуданд»,-илова намуд М.Бобоев.
Вобаста ба ин дар самти касбомўзӣ, бозомўзонӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ, инчунин ҷалб намудани бекорон 200 шахси бекор ба курсҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ, омўзиши забони русӣ, қолинбофӣ ва омўзиши асосҳои компютер ҷалб карда шуданд.
«Дар айни замон ба Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия 181 муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат намуд. Аз 181 муҳоҷирони муроҷиатнамуда танҳо ба 92 нафар ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия иҷозат дода шуд, ки ин 50%-и муроҷиаткардагон мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






