Cоли 2016 — Соли рушди неруи зеҳнӣ дар Хатлон
Қурғонтеппа, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Бахшида ба эълон гардидани соли 2016-Соли рушди неруи зеҳнӣ дар шаҳри Қурғонтеппа конфронси илмӣ таҳти унвони «Рушди неруи зеҳнӣ-бақои тамаддуни миллат» доир гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода оид ба рушди неруи зеҳнӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои олимони ҷавон, ихтирокорон ва ҳимояи ҳуқуқи муаллифон сухан гуфт.
Ҳамчунин дар конфронс устоди Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав профессор Хушвахт Абдуназаров дар мавзӯи «Марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамчун иттиҳодияҳои муттаҳидсозии неруи зеҳнӣ» ва унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муҳаммадӣ дар мавзӯи «Нақши тафаккури давлатӣ дар рушди неруи зеҳнӣ» маърӯза карданд.
Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли 2016 дар вилоят «Соли рушди неруи зеҳнӣ» эълон шудааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






