Дар Балҷувон китобхонаи замонавӣ бунёд ёфт
Душанбе, 6.03.2016 /АМИТ«Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва Шӯҳрат Тешаев, соҳибкори маҳалӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳия китобхонаи замонавӣ бунёд гардид.
Дар ин бора Мустафо Қурбонов, сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия хабар дода, зикр намуд, ки дар китобхона 6 ҳазор адабиёти гуногуни илмӣ, бадеӣ ва соҳавӣ мавҷуд буда, минбаъд сокинон ва хонандагони мактабҳои ноҳия метавонанд дар баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинӣ ва ғанӣ гардонидани маънавиёташон аз ин даргоҳи маърифат баҳра бардоранд.