Дар Ховалинг ба раъйпурсӣ омодагӣ мегиранд
Ховалинг, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар» /. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини ҳавзаҳо ва участкаҳои раъйпурсии ноҳияи Ховалинг омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Тавре ки раиси ҳавзаи рақами 64 дар ноҳияи Ховалинг Қудратулло Мунисов итилоъ дод, барӯйхатгирии раъйдиҳандагон ба охир расида, корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи маъракаҳои сиёсӣ сокинони ноҳияи мазкур фаъолона ширкат меварзанд ва дар раъйпурсии навбатӣ низ дастаҷамъона овоз хоҳанд дод.