Дастаи “Нафт Алвасат”- пешсафи гурӯҳи “Б”-и Ҷоми КФО ба Душанбе омад
Душанбе, 11.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Пагоҳ дар бозии чоруми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи “Б” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе “Истиқлол”бо клуби футболи “Нафт Ал васат”-и Ироқ қувва меозмояд.
Дар бозии аввали ин дастаҳо “Нафт Алвасат” дар шаҳри Теҳрон футболбозони моро бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб карда буд. Аз ин рӯ дар назди футболбозони “Истиқлол” вазифаи пурмасъулият- ҷавоб гуфтан ба ҳамон бохт гузошта шудааст.
Бо ҳамин мақсад “Нафт алвасат “ се рӯз пеш аз бозии расмӣ ба шаҳри Душанбе ҳозир шуд ва бо шароити майдони марказӣ ошно гардида, машқҳои худро ҳар рӯз барпо менамояд. Дар раддабандии гурӯҳи “Б” дастаи “Нафт Алвасат” дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дошта, соҳиби 6 имтиёз аст ва барои мавқеи худро боз ҳам беҳтар кардан ба вохӯрӣ бо дастаи “Истиқлол” бо ҳамаи бозингарони асосиаш, ки 21 нафарро ташкил медиҳанд, ҳозир шуд.
Дар бозии аввали ин дастаҳо Ҷосим Муҳаммад ва Мардек Мардакиён ба дарвозаи Стошич голҳоро зада буданд.
«Истиқлол»-и Душанбе низ ба ин бозӣ тайёрии пухта дидааст, аммо дар ҳайати даста ширкат накардани Нуриддин Давронов ва Аҳтам Назаров барои мураббиёни мо мушкилот пеш хоҳад овард.
Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз баргузор мешавад, сармураббиёни дастаҳо ба саволҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд дод.
Ёдрас мешавем, ки баъд аз бозии “Нафт алвасат” бо “Истиқлол” дар шаҳри Теҳрон сармураббии меҳмонон Ҳамза Ҷамол аз Миср бо сабабҳои оилавӣ дастаро тарк кард ва акнун ин дастаро Соир Аҳмад ба ҳайси сармураббӣ ба Тоҷикистон овардааст.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






