Фарҳангиёни Суғд ба Бадахшон рафтанд

Апрель 29, 2016 14:13

Душанбе, 29.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегарданд. Бо ин мақсад  гурӯҳи калони аҳли фарҳангу адаби вилояти Суғд  ба ВМКБ сафар карданд.  Ҳунармандон, гурӯҳи шоирон, занҳои ҳунарманди Суғдзамин  ба мардуми Бадахшон навтарин маҳсули эҷодиётро дастовез бурда,  Театри давлатии шаҳри  Бӯстон ба номи А.С.Пушкин,  театри «Лӯхтак» бо намоишномаи  «Гулранг ва хушранг» дар назди тамошобинон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамчунин гурӯҳи рақсии ансамбли «Зебо», ансамбли фолклорӣ-этнографии «Фалак», дастаи карнайнавозон, Театр — студияи Хандинкамон бо намоишномаҳои  рангин ва  гурӯҳи шоирон бо сарварии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Гулноз, Темурмалик Рустамов, нависанда Маъруф Бобоҷон ва дигарон бо навиштаҳояшон табъи бадахшониёнро болида  месозанд.

Апрель 29, 2016 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд